نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
2822 | 24 | 31 | وقل للمؤمنات يغضضن من أبصارهن ويحفظن فروجهن ولا يبدين زينتهن إلا ما ظهر منها وليضربن بخمرهن على جيوبهن ولا يبدين زينتهن إلا لبعولتهن أو آبائهن أو آباء بعولتهن أو أبنائهن أو أبناء بعولتهن أو إخوانهن أو بني إخوانهن أو بني أخواتهن أو نسائهن أو ما ملكت أيمانهن أو التابعين غير أولي الإربة من الرجال أو الطفل الذين لم يظهروا على عورات النساء ولا يضربن بأرجلهن ليعلم ما يخفين من زينتهن وتوبوا إلى الله جميعا أيه المؤمنون لعلكم تفلحون |
| | | Ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки чашмони худ бипушанд ва шармгоҳи худ нигоҳ доранд ва зинатҳои худро ҷуз он миқдор, ки пайдост, ошкор накунанд ва миқнаъаҳои (рӯймолҳои) худро то гиребон бипӯшанд ва зинатҳои худро ошкор накунанд, ғайри ба шавҳари худ ё падари худ ё падари шавҳари худ ё писари худ ё писари шавҳари худ ё бародари худ ё писари бародари худ ё писари хоҳари худ ё занони ҳамдини худ, ё бандагони худ ё мардони хидматгузори худ, ки рағбат ба зан надоранд, ё кӯдаконе, ки аз шармгоҳи занон бехабаранд. Ва низ чунон пой бар замин назананд то он зинат, ки пииҳон кардаанд, дониста шавад. Эй мӯъминон, ҳамагон ба даргоҳи Худо тавба кунед, шояд наҷот ёбед. |
|
2823 | 24 | 32 | وأنكحوا الأيامى منكم والصالحين من عبادكم وإمائكم إن يكونوا فقراء يغنهم الله من فضله والله واسع عليم |
| | | Безанонатонро ва ғулому канизони худро, ки шоиста бошанд, ҳамсар диҳед. Агар бенаво бошанд, Худо ба карами худ тавонгарашон хоҳад сохт, ки Худо кушоишдиҳанда ва доност! |
|
2824 | 24 | 33 | وليستعفف الذين لا يجدون نكاحا حتى يغنيهم الله من فضله والذين يبتغون الكتاب مما ملكت أيمانكم فكاتبوهم إن علمتم فيهم خيرا وآتوهم من مال الله الذي آتاكم ولا تكرهوا فتياتكم على البغاء إن أردن تحصنا لتبتغوا عرض الحياة الدنيا ومن يكرههن فإن الله من بعد إكراههن غفور رحيم |
| | | Онон, ки тавоноии заношӯӣ надоранд, бояд покДоманӣ пеша кунанд, то Худо аз карами худ тавонгарашон гардонад. Ва аз бандагонатон онон, ки хоҳони бозхаридани худанд, агар дар онҳо хайре ёфтед, бозхариданашонро бипазиред. Ва аз он мол, ки Худо ба шумо арзонӣ доштааст, ба онон бидиҳед. Ва канизони худро агар хоҳанд, ки парҳезгор бошанд, ба хотири сарвати дунявӣ ба зино маҷбур накунед. Ҳар кас, ки ононро ба зино водорад, Худо барои он канизон, ки ба маҷбурӣ ба он кор водор гаштаанд, бахшояндаву меҳрубон аст! |
|
2825 | 24 | 34 | ولقد أنزلنا إليكم آيات مبينات ومثلا من الذين خلوا من قبلكم وموعظة للمتقين |
| | | Ба таҳқиқ барои шумо оёте равшан ва достонҳое аз касоне, ки пеш аз шумо будаанд, ва низ пандҳое барои парҳезгорон нозил кардем. |
|
2826 | 24 | 35 | الله نور السماوات والأرض مثل نوره كمشكاة فيها مصباح المصباح في زجاجة الزجاجة كأنها كوكب دري يوقد من شجرة مباركة زيتونة لا شرقية ولا غربية يكاد زيتها يضيء ولو لم تمسسه نار نور على نور يهدي الله لنوره من يشاء ويضرب الله الأمثال للناس والله بكل شيء عليم |
| | | Худо нури осмонҳову замин аст. Мисоли нури Ӯ чун чароғдонест, ки дар он чароғе бошад, он чароғ даруни шишае ва он шиша чун ситорае дурахшанда. Аз равғани дарахти пурбаракати зайтун, ки на шарқӣ асту на ғарбӣ афрӯхта бошад. Равғанаш равшанӣ бахшад, ҳарчанд оташ ба он нарасида бошад. Нур бар болои нур. Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ба он нур роҳ менамояд ва барои мардум мисолҳо меоварад. Зеро ба ҳар чизе огоҳ аст! |
|
2827 | 24 | 36 | في بيوت أذن الله أن ترفع ويذكر فيها اسمه يسبح له فيها بالغدو والآصال |
| | | Он нур дар хонаҳоест, ки Худо рухсат дод баланд бардоранд ва номаш дар он ҷо ёд шавад ва Ӯро ҳар бомдоду шабонгоҳ тасбеҳ гӯянд. |
|
2828 | 24 | 37 | رجال لا تلهيهم تجارة ولا بيع عن ذكر الله وإقام الصلاة وإيتاء الزكاة يخافون يوما تتقلب فيه القلوب والأبصار |
| | | Мардоне, ки ҳеҷ тиҷорат ва хариду фурӯхте аз ёди Худо ва намоз гузоридану закот додай бозашон надорад, аз рӯзе, ки дилҳову дидагон дигаргун мешаванд, метарсанд. |
|
2829 | 24 | 38 | ليجزيهم الله أحسن ما عملوا ويزيدهم من فضله والله يرزق من يشاء بغير حساب |
| | | То Худо ба некӯтар аз он чӣ кардаанд, ҷазояшон диҳад ва аз фазли худ бар он биафзояд ва Худо ҳар киро хоҳад, беҳисоб рӯзӣ диҳад. |
|
2830 | 24 | 39 | والذين كفروا أعمالهم كسراب بقيعة يحسبه الظمآن ماء حتى إذا جاءه لم يجده شيئا ووجد الله عنده فوفاه حسابه والله سريع الحساب |
| | | Амалҳои кофирон чун саробест (мавҷи ғармӣ) дар биёбоне. Ташна обаш пиндорад ва чун ба он наздик шавад, ҳеҷ наёбад ва Худоро назди худ ёбад, пас ҷазои ӯро ба тамом бидиҳад. Ва Худо зуд ба ҳисобҳо мерасад! |
|
2831 | 24 | 40 | أو كظلمات في بحر لجي يغشاه موج من فوقه موج من فوقه سحاب ظلمات بعضها فوق بعض إذا أخرج يده لم يكد يراها ومن لم يجعل الله له نورا فما له من نور |
| | | Ё монанди торикиҳоест дар дарёе чуқур, ки мавҷаш пӯшонад ва бар болои он мавҷе дигар ва бар болояш абрест тира, торикиҳое бар болои якдигар, он тавр, ки агар дасти худ бе? рун орад онро натавонад дид. Ва он, ки Худо роҳашро ба ҳеҷ нуре равшан накарда бошад, ҳеҷ нуре бар роҳи худ наёбад! |
|