نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
2817 | 24 | 26 | الخبيثات للخبيثين والخبيثون للخبيثات والطيبات للطيبين والطيبون للطيبات أولئك مبرءون مما يقولون لهم مغفرة ورزق كريم |
| | | Занони нопок барои мардони нопок ва мардони нопок барои занони нопок ва занони пок барои мардони пок ва мардони пок барои занони пок. Онҳо аз он чӣ дар бораашон мегӯянд, поканд. Бахшоишу ризқи некӯ барои онҳост! |
|
2818 | 24 | 27 | يا أيها الذين آمنوا لا تدخلوا بيوتا غير بيوتكم حتى تستأنسوا وتسلموا على أهلها ذلكم خير لكم لعلكم تذكرون |
| | | Эй касоне, ки имон овардаед, ба хонае ғайр аз хонаи худ бе он, ки иҷозат талабида ва бар сокинонаш салом карда бошед, надароед. Ин барои шумо беҳтар аст, бошад, ки панд гиред! |
|
2819 | 24 | 28 | فإن لم تجدوا فيها أحدا فلا تدخلوها حتى يؤذن لكم وإن قيل لكم ارجعوا فارجعوا هو أزكى لكم والله بما تعملون عليم |
| | | Ва агар дар хона касеро наёфтед, дохил нашавед то шуморо рухсат диҳанд. Ва агар гӯянд: «Бозгардед», бозгардед, ин бароятон покизатар аст. Ва Худо ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст. |
|
2820 | 24 | 29 | ليس عليكم جناح أن تدخلوا بيوتا غير مسكونة فيها متاع لكم والله يعلم ما تبدون وما تكتمون |
| | | Бар шумо гуноҳе нест, агар ба хонаҳои ғайримаскун, ки матоъе дар он доред, дохил шавед. Ҳар чиро ошкор созед, ё пинҳон доред. Худо ба он огоҳ аст! |
|
2821 | 24 | 30 | قل للمؤمنين يغضوا من أبصارهم ويحفظوا فروجهم ذلك أزكى لهم إن الله خبير بما يصنعون |
| | | Ба мардони мӯъмин бигӯ, ки чашмони худ бипушанд ва шармгоҳи худ иигаҳ доранд. Ин барояшон покизатар аст. Зеро Худо ба корҳое, ки мекунанд, огоҳ аст! |
|
2822 | 24 | 31 | وقل للمؤمنات يغضضن من أبصارهن ويحفظن فروجهن ولا يبدين زينتهن إلا ما ظهر منها وليضربن بخمرهن على جيوبهن ولا يبدين زينتهن إلا لبعولتهن أو آبائهن أو آباء بعولتهن أو أبنائهن أو أبناء بعولتهن أو إخوانهن أو بني إخوانهن أو بني أخواتهن أو نسائهن أو ما ملكت أيمانهن أو التابعين غير أولي الإربة من الرجال أو الطفل الذين لم يظهروا على عورات النساء ولا يضربن بأرجلهن ليعلم ما يخفين من زينتهن وتوبوا إلى الله جميعا أيه المؤمنون لعلكم تفلحون |
| | | Ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки чашмони худ бипушанд ва шармгоҳи худ нигоҳ доранд ва зинатҳои худро ҷуз он миқдор, ки пайдост, ошкор накунанд ва миқнаъаҳои (рӯймолҳои) худро то гиребон бипӯшанд ва зинатҳои худро ошкор накунанд, ғайри ба шавҳари худ ё падари худ ё падари шавҳари худ ё писари худ ё писари шавҳари худ ё бародари худ ё писари бародари худ ё писари хоҳари худ ё занони ҳамдини худ, ё бандагони худ ё мардони хидматгузори худ, ки рағбат ба зан надоранд, ё кӯдаконе, ки аз шармгоҳи занон бехабаранд. Ва низ чунон пой бар замин назананд то он зинат, ки пииҳон кардаанд, дониста шавад. Эй мӯъминон, ҳамагон ба даргоҳи Худо тавба кунед, шояд наҷот ёбед. |
|
2823 | 24 | 32 | وأنكحوا الأيامى منكم والصالحين من عبادكم وإمائكم إن يكونوا فقراء يغنهم الله من فضله والله واسع عليم |
| | | Безанонатонро ва ғулому канизони худро, ки шоиста бошанд, ҳамсар диҳед. Агар бенаво бошанд, Худо ба карами худ тавонгарашон хоҳад сохт, ки Худо кушоишдиҳанда ва доност! |
|
2824 | 24 | 33 | وليستعفف الذين لا يجدون نكاحا حتى يغنيهم الله من فضله والذين يبتغون الكتاب مما ملكت أيمانكم فكاتبوهم إن علمتم فيهم خيرا وآتوهم من مال الله الذي آتاكم ولا تكرهوا فتياتكم على البغاء إن أردن تحصنا لتبتغوا عرض الحياة الدنيا ومن يكرههن فإن الله من بعد إكراههن غفور رحيم |
| | | Онон, ки тавоноии заношӯӣ надоранд, бояд покДоманӣ пеша кунанд, то Худо аз карами худ тавонгарашон гардонад. Ва аз бандагонатон онон, ки хоҳони бозхаридани худанд, агар дар онҳо хайре ёфтед, бозхариданашонро бипазиред. Ва аз он мол, ки Худо ба шумо арзонӣ доштааст, ба онон бидиҳед. Ва канизони худро агар хоҳанд, ки парҳезгор бошанд, ба хотири сарвати дунявӣ ба зино маҷбур накунед. Ҳар кас, ки ононро ба зино водорад, Худо барои он канизон, ки ба маҷбурӣ ба он кор водор гаштаанд, бахшояндаву меҳрубон аст! |
|
2825 | 24 | 34 | ولقد أنزلنا إليكم آيات مبينات ومثلا من الذين خلوا من قبلكم وموعظة للمتقين |
| | | Ба таҳқиқ барои шумо оёте равшан ва достонҳое аз касоне, ки пеш аз шумо будаанд, ва низ пандҳое барои парҳезгорон нозил кардем. |
|
2826 | 24 | 35 | الله نور السماوات والأرض مثل نوره كمشكاة فيها مصباح المصباح في زجاجة الزجاجة كأنها كوكب دري يوقد من شجرة مباركة زيتونة لا شرقية ولا غربية يكاد زيتها يضيء ولو لم تمسسه نار نور على نور يهدي الله لنوره من يشاء ويضرب الله الأمثال للناس والله بكل شيء عليم |
| | | Худо нури осмонҳову замин аст. Мисоли нури Ӯ чун чароғдонест, ки дар он чароғе бошад, он чароғ даруни шишае ва он шиша чун ситорае дурахшанда. Аз равғани дарахти пурбаракати зайтун, ки на шарқӣ асту на ғарбӣ афрӯхта бошад. Равғанаш равшанӣ бахшад, ҳарчанд оташ ба он нарасида бошад. Нур бар болои нур. Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ба он нур роҳ менамояд ва барои мардум мисолҳо меоварад. Зеро ба ҳар чизе огоҳ аст! |
|