نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
277 | 2 | 270 | وما أنفقتم من نفقة أو نذرتم من نذر فإن الله يعلمه وما للظالمين من أنصار |
| | | Хар чиро садақа ё назр кардаед, Худо ба он огоҳ аст. Ва ситамкоронро ҳеҷ ёреву мададгоре нест! |
|
278 | 2 | 271 | إن تبدوا الصدقات فنعما هي وإن تخفوها وتؤتوها الفقراء فهو خير لكم ويكفر عنكم من سيئاتكم والله بما تعملون خبير |
| | | Агар ошкоро садақа диҳед, коре некуст ва агар пинҳонӣ ба бенавоён садақа диҳед, некӯтар аст ва гуноҳони шуморо дур созад. Ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст! |
|
279 | 2 | 272 | ليس عليك هداهم ولكن الله يهدي من يشاء وما تنفقوا من خير فلأنفسكم وما تنفقون إلا ابتغاء وجه الله وما تنفقوا من خير يوف إليكم وأنتم لا تظلمون |
| | | Ҳидоят ёфтани онон бар ӯҳдаи ту нест, балки Худост, ки ҳар киро, ки бихоҳад, ҳидоят мекунад. Ва ҳар моле, ки садақа мекунед, савобаш азони худи шумост ва ҷуз барои хушнудии Худо чизе харҷ макунед ва ҳар чӣ харҷ кунед, мукофоти он ба шумо мерасад ва бар шумо ситам нахоҳад шуд. |
|
280 | 2 | 273 | للفقراء الذين أحصروا في سبيل الله لا يستطيعون ضربا في الأرض يحسبهم الجاهل أغنياء من التعفف تعرفهم بسيماهم لا يسألون الناس إلحافا وما تنفقوا من خير فإن الله به عليم |
| | | Ин садақот аз они бенавоёнест, ки худро дар тоъати Ҳақ банд кардаанд ва дар талаби қувват нотавонанд ва ончунон дар пардаи ифофанд (худдорӣ), ки ҳар кӣ ҳоли эшон надонад, пиндорад, ки аз тавонгаронанд. Ононро аз симояшон мешиносӣ, ки ба исрор (бо хирагӣ) аз касе чизе нахоҳанд. Ва ҳар моле, ки хайр мекунед, Худо ба он огоҳ аст! |
|
281 | 2 | 274 | الذين ينفقون أموالهم بالليل والنهار سرا وعلانية فلهم أجرهم عند ربهم ولا خوف عليهم ولا هم يحزنون |
| | | Онон, ки амволи хешро дар шабу рӯз, дар пинҳону ошкор хайр мекунанд аҷрашон бо Парвардигорашон аст, на бимнок мешаванд ва на ғамгин! |
|
282 | 2 | 275 | الذين يأكلون الربا لا يقومون إلا كما يقوم الذي يتخبطه الشيطان من المس ذلك بأنهم قالوا إنما البيع مثل الربا وأحل الله البيع وحرم الربا فمن جاءه موعظة من ربه فانتهى فله ما سلف وأمره إلى الله ومن عاد فأولئك أصحاب النار هم فيها خالدون |
| | | Онон, ки рибо мехӯранд, дар қиёмат чун касоне аз қабр бармехезанд, ки ба афсуни шайтон девона шуда бошанд. Ва ин ба ҷазои он аст, ки гуфтанд: «Рибо низ чун хариду фурӯш аст». Дар ҳоле, ки Худо хариду фурӯшро ҳалол ва риборо ҳаром кардааст. Ҳар кас, ки панди Худо ба ӯ расид ва аз рибохӯрӣ бозистод, Худо аз гуноҳони пешини ӯ даргузарад ва кораш ба Худо вогузор шавад. Ва онон, ки бад-он кор бозгарданд, аҳли ҷаҳаннаманд ва ҷовидона дар он хоҳанд буд! |
|
283 | 2 | 276 | يمحق الله الربا ويربي الصدقات والله لا يحب كل كفار أثيم |
| | | Худованд риборо ночиз мегардонад ва садақотро афзунӣ медиҳад ва ҳеҷ куфронкунандаи гунаҳкорро дӯст надорад! |
|
284 | 2 | 277 | إن الذين آمنوا وعملوا الصالحات وأقاموا الصلاة وآتوا الزكاة لهم أجرهم عند ربهم ولا خوف عليهم ولا هم يحزنون |
| | | Онон, ки имон овардаанд, ва корҳои некӯ кардаанд ва намоз хондаанду закот додаанд, муздашон бо Парвардигорашон аст. На бимнок мешаванд ва на ғамгин! |
|
285 | 2 | 278 | يا أيها الذين آمنوا اتقوا الله وذروا ما بقي من الربا إن كنتم مؤمنين |
| | | Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва агар имон овардаед, аз рибо ҳар чӣ боқӣ мондааст, тарк кунед. |
|
286 | 2 | 279 | فإن لم تفعلوا فأذنوا بحرب من الله ورسوله وإن تبتم فلكم رءوس أموالكم لا تظلمون ولا تظلمون |
| | | Ва ҳар гоҳ чунин накунед, пас ҷанг бо Худову расули Ӯро эълом кунед. Ва агар тавба кунед, асли сармоя аз они шумост. Дар ин ҳол на ситам кардаед ва на тан ба ситам додаед! |
|