نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
2651 | 22 | 56 | الملك يومئذ لله يحكم بينهم فالذين آمنوا وعملوا الصالحات في جنات النعيم |
| | | Фармонравоӣ дар он рӯз аз они Худост. Миёнашон ҳукм мекунад. Пас касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар биҳиштҳои пурнеъматанд. |
|
2652 | 22 | 57 | والذين كفروا وكذبوا بآياتنا فأولئك لهم عذاب مهين |
| | | Ва касоне, ки кофир шудаанд ва оёти Моро дурӯғ шумурдаанд, барояшон азобест хоркунанда! |
|
2653 | 22 | 58 | والذين هاجروا في سبيل الله ثم قتلوا أو ماتوا ليرزقنهم الله رزقا حسنا وإن الله لهو خير الرازقين |
| | | Ва касонеро, ки дар роҳи Худо муҳоҷират карданд, сипас кушта шуданд ё худ мурданд, Худо ба ризқе некӯ рӯзӣ медиҳад. Зеро Худо беҳтарини рӯзидиҳандагон аст. |
|
2654 | 22 | 59 | ليدخلنهم مدخلا يرضونه وإن الله لعليم حليم |
| | | Ононро ба ҷое дароварад, ки аз он хушнуд бошанд. Ва албатта Худо донову собирает! |
|
2655 | 22 | 60 | ذلك ومن عاقب بمثل ما عوقب به ثم بغي عليه لينصرنه الله إن الله لعفو غفور |
| | | Ҳар кас уқубат кунад, ҳамчунон ки ӯро уқубат кардаанд, он гоҳ бар ӯ дубора ситам кунанд, Худо ёриаш хоҳад кард. Зеро Худо авфкунанда ва омурзанда аст. |
|
2656 | 22 | 61 | ذلك بأن الله يولج الليل في النهار ويولج النهار في الليل وأن الله سميع بصير |
| | | Ин ба он сабаб аст, ки Худо аз шаб кам мекунад ва ба рӯз меафзояд ва аз рӯз кам мекунад ва ба шаб меафзояд. Ва Худо шунавову биност. |
|
2657 | 22 | 62 | ذلك بأن الله هو الحق وأن ما يدعون من دونه هو الباطل وأن الله هو العلي الكبير |
| | | Ин ба он сабаб аст, ки Худо ҳақ аст ва он чӣ ба ҷои Ӯ ба худоӣ мехонанд, ботил аст ва Ӯ баландмартабаву бузург аст. |
|
2658 | 22 | 63 | ألم تر أن الله أنزل من السماء ماء فتصبح الأرض مخضرة إن الله لطيف خبير |
| | | Оё надидаӣ, ки Худо аз осмон борон фиристод ва замин пурсабза гардид? Албатта Худо борикбину огоҳ аст! |
|
2659 | 22 | 64 | له ما في السماوات وما في الأرض وإن الله لهو الغني الحميد |
| | | Аз они Ӯст он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст. Ӯст бениёз (бе эҳтиёҷ) ва сазовори ситоиш! |
|
2660 | 22 | 65 | ألم تر أن الله سخر لكم ما في الأرض والفلك تجري في البحر بأمره ويمسك السماء أن تقع على الأرض إلا بإذنه إن الله بالناس لرءوف رحيم |
| | | Оё надидаӣ, ки Худо ҳар чиро дар рӯи замин аст, роми шумо кардааст ва киштиҳоро, ки дар дарё ба фармони Ӯ мераванд? Ва осмонро нигоҳ дошта, ки ҷуз ба фармони Ӯ бар замин наафтад. Зеро Худоро бар мардум раъфату (шафқату) меҳрубонист. |
|