نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
2606 | 22 | 11 | ومن الناس من يعبد الله على حرف فإن أصابه خير اطمأن به وإن أصابته فتنة انقلب على وجهه خسر الدنيا والآخرة ذلك هو الخسران المبين |
| | | Ва аз миёни мардум касест, ки Худоро бо шубҳа мепарастад. Агар хайре ба ӯ расад, дилаш ба он ором гирад ва агар озмоише пеш ояд, рӯй бартобад. Дар дунёву охират зиён бинад ва он зиёне ошкор аст. |
|
2607 | 22 | 12 | يدعو من دون الله ما لا يضره وما لا ينفعه ذلك هو الضلال البعيد |
| | | Ғайри Худо касеро мехонад, ки на зиёне ба ӯ мерасонад ва на нафъе ва ин гумроҳиест беохир. |
|
2608 | 22 | 13 | يدعو لمن ضره أقرب من نفعه لبئس المولى ولبئس العشير |
| | | Касеро мехонад, ки зиёнаш наздиктар аз нафъи ӯст. Чӣ бад дӯстдорест ва чӣ бад ҳамсӯҳбат. |
|
2609 | 22 | 14 | إن الله يدخل الذين آمنوا وعملوا الصالحات جنات تجري من تحتها الأنهار إن الله يفعل ما يريد |
| | | Худо касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста кардаанд, ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дохил месозад ва Худо ҳар чӣ хоҳад, ҳамон мекунад. |
|
2610 | 22 | 15 | من كان يظن أن لن ينصره الله في الدنيا والآخرة فليمدد بسبب إلى السماء ثم ليقطع فلينظر هل يذهبن كيده ما يغيظ |
| | | Касе, ки мепиндорад, ки Худо дар дунёву охират ёриаш нахоҳад кард, худашро бо ресмоне ба сақф биёвезад то худро хафа кунад ва бингарад, ки оё ин ҳила хашмашро аз миён хоҳад бурд. |
|
2611 | 22 | 16 | وكذلك أنزلناه آيات بينات وأن الله يهدي من يريد |
| | | Ба ин тарз Қуръонро нозил кардем бо оёте равшангар. Ва Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ҳидоят мекунад. |
|
2612 | 22 | 17 | إن الذين آمنوا والذين هادوا والصابئين والنصارى والمجوس والذين أشركوا إن الله يفصل بينهم يوم القيامة إن الله على كل شيء شهيد |
| | | Худо миёни онон, ки имон овардаанд ва онон, ки дини яҳуд ё собион ё насоро ё маҷус ихтиёр кардаанд ва онон, ки мушрик шудаанд, дар рӯзи қиёмат ҳукм мекунад. Зеро Ӯ бар дар коре шоҳид аст! |
|
2613 | 22 | 18 | ألم تر أن الله يسجد له من في السماوات ومن في الأرض والشمس والقمر والنجوم والجبال والشجر والدواب وكثير من الناس وكثير حق عليه العذاب ومن يهن الله فما له من مكرم إن الله يفعل ما يشاء |
| | | Оё надидаӣ, ки ҳар кас дар осмонҳову ҳар кас, ки дар замин аст ва офтобу моҳ ва ситорагону кӯҳҳо ва дарахтону ҷунбандагон ва бисёре аз мардум Худоро саҷда мекунанд? Ва бар бисёре азоб муқаррар шуда ва ҳар киро Худо хор созад, ҳеҷ кас гиромиаш намедорад. Зеро Худо ҳар чӣ бихоҳад, ҳамон мекунад. (Сачда). |
|
2614 | 22 | 19 | هذان خصمان اختصموا في ربهم فالذين كفروا قطعت لهم ثياب من نار يصب من فوق رءوسهم الحميم |
| | | Ин ду гурӯҳ дар бораи Парвардигорашон ба хусумат бархостаанд. Барои онон, ки кофиранд, ҷомаҳое аз оташ буридаанд ва аз боло бар сарашон оби ҷӯшон мерезанд. |
|
2615 | 22 | 20 | يصهر به ما في بطونهم والجلود |
| | | Бо он оби ҷӯшон ҳар чӣ дар даруни шикам доранд ва низ пӯстҳояшон гудохта мешавад. |
|