نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
2603 | 22 | 8 | ومن الناس من يجادل في الله بغير علم ولا هدى ولا كتاب منير |
| | | Аз мардум касест, ки бе ҳеҷ донише ва ҳеҷ роҳнамоӣ ва ҳеҷ китоби равшанибахше дар бораи Худо баҳс мекунад. |
|
2604 | 22 | 9 | ثاني عطفه ليضل عن سبيل الله له في الدنيا خزي ونذيقه يوم القيامة عذاب الحريق |
| | | Гарданро ба такаббур ба як сӯ мепечонад, то мардумро аз роҳи Худо гумроҳ созад. Насиби ӯ дар дунё хорист ва дар рӯзи қиёмат азоби оташро ба ӯ мечашонем. |
|
2605 | 22 | 10 | ذلك بما قدمت يداك وأن الله ليس بظلام للعبيد |
| | | Ин ҷазои корҳоест, ки пеш аз ин кардаӣ ва Худо ба бандагонаш ситам намекунад. |
|
2606 | 22 | 11 | ومن الناس من يعبد الله على حرف فإن أصابه خير اطمأن به وإن أصابته فتنة انقلب على وجهه خسر الدنيا والآخرة ذلك هو الخسران المبين |
| | | Ва аз миёни мардум касест, ки Худоро бо шубҳа мепарастад. Агар хайре ба ӯ расад, дилаш ба он ором гирад ва агар озмоише пеш ояд, рӯй бартобад. Дар дунёву охират зиён бинад ва он зиёне ошкор аст. |
|
2607 | 22 | 12 | يدعو من دون الله ما لا يضره وما لا ينفعه ذلك هو الضلال البعيد |
| | | Ғайри Худо касеро мехонад, ки на зиёне ба ӯ мерасонад ва на нафъе ва ин гумроҳиест беохир. |
|
2608 | 22 | 13 | يدعو لمن ضره أقرب من نفعه لبئس المولى ولبئس العشير |
| | | Касеро мехонад, ки зиёнаш наздиктар аз нафъи ӯст. Чӣ бад дӯстдорест ва чӣ бад ҳамсӯҳбат. |
|
2609 | 22 | 14 | إن الله يدخل الذين آمنوا وعملوا الصالحات جنات تجري من تحتها الأنهار إن الله يفعل ما يريد |
| | | Худо касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста кардаанд, ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дохил месозад ва Худо ҳар чӣ хоҳад, ҳамон мекунад. |
|
2610 | 22 | 15 | من كان يظن أن لن ينصره الله في الدنيا والآخرة فليمدد بسبب إلى السماء ثم ليقطع فلينظر هل يذهبن كيده ما يغيظ |
| | | Касе, ки мепиндорад, ки Худо дар дунёву охират ёриаш нахоҳад кард, худашро бо ресмоне ба сақф биёвезад то худро хафа кунад ва бингарад, ки оё ин ҳила хашмашро аз миён хоҳад бурд. |
|
2611 | 22 | 16 | وكذلك أنزلناه آيات بينات وأن الله يهدي من يريد |
| | | Ба ин тарз Қуръонро нозил кардем бо оёте равшангар. Ва Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ҳидоят мекунад. |
|
2612 | 22 | 17 | إن الذين آمنوا والذين هادوا والصابئين والنصارى والمجوس والذين أشركوا إن الله يفصل بينهم يوم القيامة إن الله على كل شيء شهيد |
| | | Худо миёни онон, ки имон овардаанд ва онон, ки дини яҳуд ё собион ё насоро ё маҷус ихтиёр кардаанд ва онон, ки мушрик шудаанд, дар рӯзи қиёмат ҳукм мекунад. Зеро Ӯ бар дар коре шоҳид аст! |
|