نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
2182 | 18 | 42 | وأحيط بثمره فأصبح يقلب كفيه على ما أنفق فيها وهي خاوية على عروشها ويقول يا ليتني لم أشرك بربي أحدا |
| | | Ба самарааш офат расид ва бомдодон дасти пушаймонӣ бар даст месоид, ки чӣ ҳарче карда буд ва акнун ҳамаи биноҳояш фурӯ рехта аст. Ва мегӯяд;. «Эй кош, касеро шарики Парвардигорам насохта будам!» |
|
2183 | 18 | 43 | ولم تكن له فئة ينصرونه من دون الله وما كان منتصرا |
| | | Ғайри Худо гурӯҳе, ки ба ёриаш бархезанд, набуд ва худи ӯ қудрат надошт. |
|
2184 | 18 | 44 | هنالك الولاية لله الحق هو خير ثوابا وخير عقبا |
| | | Он ҷо ёрӣ кардан Хулон ҳақро сазовор. Мукофоти Ӯ беҳтар ва саранҷомаш некӯтар аст. |
|
2185 | 18 | 45 | واضرب لهم مثل الحياة الدنيا كماء أنزلناه من السماء فاختلط به نبات الأرض فأصبح هشيما تذروه الرياح وكان الله على كل شيء مقتدرا |
| | | Барояшон зиндагии дунёро мисол ор» ки чун боронест, ки аз осмон биборад ва бо он гиёҳони гуногун ба фаровонӣ бирӯяд. Ногоҳ хушк шавад ва бод ба ҳар сӯ парокандааш созад ва Худо бар ҳар коре тавоност! |
|
2186 | 18 | 46 | المال والبنون زينة الحياة الدنيا والباقيات الصالحات خير عند ربك ثوابا وخير أملا |
| | | Дороиву фарзанд зебу зиннатҳои ин зиндагонии дунёст ва кирдорҳои нек, ки ҷовидон бар ҷой мемонанд, назди Парвардигорат беҳтар ва умед бастан ба онҳо некӯтар аст. |
|
2187 | 18 | 47 | ويوم نسير الجبال وترى الأرض بارزة وحشرناهم فلم نغادر منهم أحدا |
| | | Рӯзе, ки кӯҳҳоро ба роҳ меандозем ва заминро бинӣ, ки ҳар чӣ андарун дорад, берун афкандааст ва ҳамаро барои ҳисоб гирд меоварем ва як тан аз онҳоро ҳам раҳо намекунем. |
|
2188 | 18 | 48 | وعرضوا على ربك صفا لقد جئتمونا كما خلقناكم أول مرة بل زعمتم ألن نجعل لكم موعدا |
| | | Ҳама дар як саф ба Парвардигорат арза мешаванд. Акнун назди Мо омадед, ҳамчунон ки нахустин бор шуморо биёфаридем. Оё мепиндоштед, ки ҳаргиз бароятон ваъдагоҳе қарор нахоҳем дод? |
|
2189 | 18 | 49 | ووضع الكتاب فترى المجرمين مشفقين مما فيه ويقولون يا ويلتنا مال هذا الكتاب لا يغادر صغيرة ولا كبيرة إلا أحصاها ووجدوا ما عملوا حاضرا ولا يظلم ربك أحدا |
| | | Дафтари аъмол кушода шавад. Гунаҳкоронро бинӣ, ки аз он чӣ дар он омадааст, бимноканд ва мегӯянд: «Вой бар мо, ин чӣ дафтарест, ки ҳеҷ гуноҳи хурду бузургеро ҳисоб ношуда нагузоштааст». Он гоҳ амалҳои худро дар муқобили худ биёбанд ва Парвардигори ту ба касе ситам намекунад, |
|
2190 | 18 | 50 | وإذ قلنا للملائكة اسجدوا لآدم فسجدوا إلا إبليس كان من الجن ففسق عن أمر ربه أفتتخذونه وذريته أولياء من دوني وهم لكم عدو بئس للظالمين بدلا |
| | | Ва он гоҳ, ки ба фариштагон гуфтем, ки Одамро саҷда кунед, ҳама ғайри Иблис, ки аз ҷин буд ва аз фармони Парвардигораш сар битофт, саҷда карданд. Оё шайтон ва фарзандокашро ба ҷои ман ба дӯстӣ мегиред, ҳол он, ки душмани шумоянд? Золимон бад чизеро ба ҷои Худо интихобиданд. |
|
2191 | 18 | 51 | ما أشهدتهم خلق السماوات والأرض ولا خلق أنفسهم وما كنت متخذ المضلين عضدا |
| | | Он гоҳ ки оомонҳову замин ва худашонро меофаридам, аз онҳо ёрӣ нахостам. Зеро Ман гумроҳкунандагонро ба ёрӣ намегирам. |
|