نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
2050 | 17 | 21 | انظر كيف فضلنا بعضهم على بعض وللآخرة أكبر درجات وأكبر تفضيلا |
| | | Бингар, ки чӣ гуна баъзеяшонро бар баъзе дигар бартарӣ ниҳодаем ва дар охират дараҷоту бартариҳо бартару болотар аст. |
|
2051 | 17 | 22 | لا تجعل مع الله إلها آخر فتقعد مذموما مخذولا |
| | | Бо Худои якто худои дигаре ба худоӣ магир, ки баддидашудаву хор хоҳӣ монд. |
|
2052 | 17 | 23 | وقضى ربك ألا تعبدوا إلا إياه وبالوالدين إحسانا إما يبلغن عندك الكبر أحدهما أو كلاهما فلا تقل لهما أف ولا تنهرهما وقل لهما قولا كريما |
| | | Парвардигорат муқаррар дошт, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ то ту зинда ҳастӣ, ҳар ду ё яке аз он ду солхӯрда шаванд, ононро маёзор ва ба дуруштӣ хитоб макун ва бо онон ба икром сухан бигӯй. |
|
2053 | 17 | 24 | واخفض لهما جناح الذل من الرحمة وقل رب ارحمهما كما ربياني صغيرا |
| | | Дар баробарашон аз рӯи меҳрубони сари хоксорӣ хам бикун ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, ҳамчунон ки маро дар хурдӣ парвариш доданд, бар онҳо раҳмат овар». |
|
2054 | 17 | 25 | ربكم أعلم بما في نفوسكم إن تكونوا صالحين فإنه كان للأوابين غفورا |
| | | Парвардигоратон аз ҳар каси дигар ба он чӣ дар дилҳоятон мегузарад, донотар аст ва агар аз солеҳон бошед, Ӯ тавбакунандагонро меомурзад. |
|
2055 | 17 | 26 | وآت ذا القربى حقه والمسكين وابن السبيل ولا تبذر تبذيرا |
| | | Ҳаққи хешовандону мискин ва дар роҳ мондаро адо кун ва ҳеҷ исрофкорӣ макун. |
|
2056 | 17 | 27 | إن المبذرين كانوا إخوان الشياطين وكان الشيطان لربه كفورا |
| | | Исрофкорон бо шайтонҳо бародаранд ва шайтон нисбат ба Парвардигораш ношукр буд, |
|
2057 | 17 | 28 | وإما تعرضن عنهم ابتغاء رحمة من ربك ترجوها فقل لهم قولا ميسورا |
| | | Ва агар ба интизори кушоише, ки аз ҷониби Парвардигорат умед медорӣ, ва аз онҳо рӯйгардонӣ мекунӣ, пас бо онҳо ба нармӣ сухан бигӯй. |
|
2058 | 17 | 29 | ولا تجعل يدك مغلولة إلى عنقك ولا تبسطها كل البسط فتقعد ملوما محسورا |
| | | На дасти худ аз рӯи хиссат (хасисӣ) ба гардан бубанд ва на ба саховат якбора бикушой, ки дар ҳар ду ҳол маломатзадаву ҳасратхӯрда бинишинӣ. |
|
2059 | 17 | 30 | إن ربك يبسط الرزق لمن يشاء ويقدر إنه كان بعباده خبيرا بصيرا |
| | | Парвардигори ту дар ризқи ҳар кас, ки бихоҳад, кушоиш медиҳад ё танг мегирад, зеро Ӯ ба бандагонаш огоҳу биност! |
|