نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
1973 | 16 | 72 | والله جعل لكم من أنفسكم أزواجا وجعل لكم من أزواجكم بنين وحفدة ورزقكم من الطيبات أفبالباطل يؤمنون وبنعمت الله هم يكفرون |
| | | Худо барои шумо аз миёни худатон ҳамсароне қарор дод ва аз ҳамсаронатон фарзандон ва фарзандзодагон падид овард ва аз чизҳои хушу пок рӯзиятон дод. Оё ҳануз ба ботил имон меоваранд ва неъмати Худоро ношукрӣ мекунанд? |
|
1974 | 16 | 73 | ويعبدون من دون الله ما لا يملك لهم رزقا من السماوات والأرض شيئا ولا يستطيعون |
| | | Ғайри Худо чизҳоеро мепарастанд, ки нотавонанд ва ёрои он надоранд, ки аз осмонҳову замин рӯзияшон диҳанд. |
|
1975 | 16 | 74 | فلا تضربوا لله الأمثال إن الله يعلم وأنتم لا تعلمون |
| | | Барои Худо мисол наоред; Худо медонад ва шумо намедонед. |
|
1976 | 16 | 75 | ضرب الله مثلا عبدا مملوكا لا يقدر على شيء ومن رزقناه منا رزقا حسنا فهو ينفق منه سرا وجهرا هل يستوون الحمد لله بل أكثرهم لا يعلمون |
| | | Худо ғуломи зархаридеро мисол меорад, ки ҳеҷ қудрате надорад ва касеро, ки аз ҷониби худ ризқи некӯяш додаем ва дар ниҳону ошкоро нафақа мекунад. Оё ин ду баробаранд? Шукр хоси Худост, вале бештарашон нодонанд. |
|
1977 | 16 | 76 | وضرب الله مثلا رجلين أحدهما أبكم لا يقدر على شيء وهو كل على مولاه أينما يوجهه لا يأت بخير هل يستوي هو ومن يأمر بالعدل وهو على صراط مستقيم |
| | | Ва Худо мисоли ду мардро баён мекунад, ки яке лол асту тавони ҳеҷ чиз надорад ва бори дӯши хоҷаи худ аст, ҳар ҷо, ки ӯро бифиристад, ҳеҷ фоидае ҳосил намекунад. Оё ин мард бо он кас, ки мардумро ба адл фармон медиҳад ва худ бар роҳи рост меравад, баробар аст? |
|
1978 | 16 | 77 | ولله غيب السماوات والأرض وما أمر الساعة إلا كلمح البصر أو هو أقرب إن الله على كل شيء قدير |
| | | Аз они Худост ниҳони осмонҳову замин. Ва фаро расидани қиёмат танҳо як чашм бар ҳам задан ё наздиктар аз он аст. Зеро Худо бар ҳар коре тавоност! |
|
1979 | 16 | 78 | والله أخرجكم من بطون أمهاتكم لا تعلمون شيئا وجعل لكم السمع والأبصار والأفئدة لعلكم تشكرون |
| | | Худо шуморо аз батни модаронатон берун овард ва ҳеҷ намедонистед. Ва бароятон чашму гӯшу дил биёфарид. Шояд шукр гӯед! |
|
1980 | 16 | 79 | ألم يروا إلى الطير مسخرات في جو السماء ما يمسكهن إلا الله إن في ذلك لآيات لقوم يؤمنون |
| | | Оё он паррандагони ромшуда дар ҷавви (фазои) осмонро намебинанд? Ҳеҷ кас ҷуз Худо онҳоро дар ҳаво нигоҳ натавонад дошт. Ва дар ин барои мардуме, ки имон меоваранд, ибратҳост. |
|
1981 | 16 | 80 | والله جعل لكم من بيوتكم سكنا وجعل لكم من جلود الأنعام بيوتا تستخفونها يوم ظعنكم ويوم إقامتكم ومن أصوافها وأوبارها وأشعارها أثاثا ومتاعا إلى حين |
| | | Худо хонаҳоятонро ҷои оромишатон қарор дод ва аз пӯсти чаҳорпоён бароятон хаймаҳо сохт, то ба ҳангоми сафар ва ба ҳангоми муқимӣ аз бардоштани онҳо дар ранҷ наафтед. Ва аз пашму курку мӯяшон то рӯзи қиёмат бароятон асоси хона ва асбоби зиндагӣ сохт. |
|
1982 | 16 | 81 | والله جعل لكم مما خلق ظلالا وجعل لكم من الجبال أكنانا وجعل لكم سرابيل تقيكم الحر وسرابيل تقيكم بأسكم كذلك يتم نعمته عليكم لعلكم تسلمون |
| | | Худо барои шумо аз чизҳое, ки офаридааст, сояҳо падид овард. Ва дар кӯҳҳо бароятон ғорҳо сохт. Ва ҷомаҳое, ки шуморо аз гармо ҳифз мекунад ва ҷомаҳое, ки дар ҷанг нигаҳдори шумост. Худо неъматҳои худро инчунин бар шумо комил мекунад. Шояд, ки таслими фармони Ӯ шавед. |
|