نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
1956 | 16 | 55 | ليكفروا بما آتيناهم فتمتعوا فسوف تعلمون |
| | | то неъматро, ки ба онҳо додаем, ношукрӣ кунанд, Акнун мутаматтеъ (баҳраманд) шавед, ба зудӣ хоҳед донист! |
|
1957 | 16 | 56 | ويجعلون لما لا يعلمون نصيبا مما رزقناهم تالله لتسألن عما كنتم تفترون |
| | | Он гоҳ аз он чӣ рӯзиашон додаем, насибе барои бутоне, ки ҳеҷ намедонанд, муъайян мекунанд. Ба Худо савганд ба сабаби дурӯғе, ки мебандед, бозхост мешавед! |
|
1958 | 16 | 57 | ويجعلون لله البنات سبحانه ولهم ما يشتهون |
| | | Барои Худо духтарон коил мешаванд — Ӯ пок аст — ва барои худ ҳар чӣ дӯст доранд. |
|
1959 | 16 | 58 | وإذا بشر أحدهم بالأنثى ظل وجهه مسودا وهو كظيم |
| | | Ва чун ба якешон муждаи духтар диҳанд, сияҳрӯй шавад ва хашмгин гардад. |
|
1960 | 16 | 59 | يتوارى من القوم من سوء ما بشر به أيمسكه على هون أم يدسه في التراب ألا ساء ما يحكمون |
| | | Аз шарми ин мужда аз мардум пинҳон мешавад. Оё бо хори нигоҳаш дорад ё дар хок ниҳонаш кунад? Огоҳ бошед, ки бад доварӣ мекунанд. |
|
1961 | 16 | 60 | للذين لا يؤمنون بالآخرة مثل السوء ولله المثل الأعلى وهو العزيز الحكيم |
| | | Сифати бад аз они касонест, ки ба қиёмат имон намеоваранд ва сифати бартар аз они Худованд аст. Ва Ӯст пирӯзманду ҳаким! |
|
1962 | 16 | 61 | ولو يؤاخذ الله الناس بظلمهم ما ترك عليها من دابة ولكن يؤخرهم إلى أجل مسمى فإذا جاء أجلهم لا يستأخرون ساعة ولا يستقدمون |
| | | Агар Худованд бихоҳад, ки мардумро ба гуноҳашон ҳалок кунад, бар рӯи замин ҳеҷ ҷунбандае боқӣ нагузорад, вале азобашонро то муддате муъайян ба дер меафканад. Ва чун аҷалашон фаро расад, як соъат пасу пеш нашаванд. |
|
1963 | 16 | 62 | ويجعلون لله ما يكرهون وتصف ألسنتهم الكذب أن لهم الحسنى لا جرم أن لهم النار وأنهم مفرطون |
| | | Он чиро намеписанданд, ба Худо нисбат кунанд ва забонашон ба дурӯғ гӯяд, ки хубиҳо аз они онҳост, на, бешак насиби онҳо оташ аст ва онҳоро ба шитоб ба сӯи он баранд! |
|
1964 | 16 | 63 | تالله لقد أرسلنا إلى أمم من قبلك فزين لهم الشيطان أعمالهم فهو وليهم اليوم ولهم عذاب أليم |
| | | Ба Худо савганд, ки барои мардуме ҳам, ки пеш аз ту будаанд, паёмбароне фиристодаем. Вале шайтон амалҳояшонро дар чашмашон биёрост. Ва дар он рӯз шайтон дӯсташон хоҳад буд ва онҳоро азобе дардовар аст! |
|
1965 | 16 | 64 | وما أنزلنا عليك الكتاب إلا لتبين لهم الذي اختلفوا فيه وهدى ورحمة لقوم يؤمنون |
| | | Мо ин китобро бар ту нозил кардаем, барои он ки ҳар чиро дар он ихтилоф мекунанд, барояшон баён кунӣ. Ва низ роҳнамову раҳмате барои мӯъминон бошад. |
|