نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
1571 | 11 | 98 | يقدم قومه يوم القيامة فأوردهم النار وبئس الورد المورود |
| | | Дар рӯзи қиёмат пешопеши қавми худ биёяд ва ҳамаро ба оташ дароварад, ки дохилшудагонро бад ҷойгоҳест! |
|
1572 | 11 | 99 | وأتبعوا في هذه لعنة ويوم القيامة بئس الرفد المرفود |
| | | Лаънати инҷаҳонӣ ва лаънати рӯзи қиёматро аз пай доранд ва чӣ бад атое ба онон дода шудаст! |
|
1573 | 11 | 100 | ذلك من أنباء القرى نقصه عليك منها قائم وحصيد |
| | | Инҳо ахбори деҳаҳоест, ки барои ту ҳикоят мекунем; деҳаҳое, ки баъзе ҳанӯз барпоянд ва баъзе вайрон. |
|
1574 | 11 | 101 | وما ظلمناهم ولكن ظلموا أنفسهم فما أغنت عنهم آلهتهم التي يدعون من دون الله من شيء لما جاء أمر ربك وما زادوهم غير تتبيب |
| | | Мо ба онҳо ситам накардем, балки худ ба худ ситам мекарданд. Ва чун амри Парвардигори ту фаро расид, худоёне, ки ба ҷои Худои якто мепарастиданд, ҳеҷ даркорашон наёмаданд ва ҷуз зиёнкорӣ чизе бар онон наяфзуданд. |
|
1575 | 11 | 102 | وكذلك أخذ ربك إذا أخذ القرى وهي ظالمة إن أخذه أليم شديد |
| | | Инчунин буд ба азоб гирифтани Парвардигори ту, вақте ки бихоҳад деҳае ситамкорро ба азоб кашад. Ба азоб гирифтани Ӯ азобе сахт дардовар аст! |
|
1576 | 11 | 103 | إن في ذلك لآية لمن خاف عذاب الآخرة ذلك يوم مجموع له الناس وذلك يوم مشهود |
| | | Дар инҳо барои касоне, ки аз азоби охират бимноканд, ибратест, дар он рӯз, ки мардум гирд оварда шаванд ва он рӯз, ки мардумро дар он ҳозир оваранд! |
|
1577 | 11 | 104 | وما نؤخره إلا لأجل معدود |
| | | Ва ҷуз то андак муддате ба дераш намегузорем. |
|
1578 | 11 | 105 | يوم يأت لا تكلم نفس إلا بإذنه فمنهم شقي وسعيد |
| | | Рӯзе, ки чун биёяд, ҳеҷ кас ҷуз ба фармони Ӯ сухан нагӯяд ва мардумон баъзе бадбахт бошанд ва баъзе некбахт. |
|
1579 | 11 | 106 | فأما الذين شقوا ففي النار لهم فيها زفير وشهيق |
| | | Аммо бадбахтон дар оташанд ва мардумонро дар он ҷо нолае зору фарёде сахт бувад. |
|
1580 | 11 | 107 | خالدين فيها ما دامت السماوات والأرض إلا ما شاء ربك إن ربك فعال لما يريد |
| | | Ва то осмонҳову замин боқӣ ҳастанд, дар он ҷо ҷовидона бимонанд, магар он чи Парвардигорат бихоҳад, зеро Парвардигори ту ҳар чӣ хоҳад, ҳамон кунад! |
|