نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
1241 | 9 | 6 | وإن أحد من المشركين استجارك فأجره حتى يسمع كلام الله ثم أبلغه مأمنه ذلك بأنهم قوم لا يعلمون |
| | | Ва ҳар гоҳ яке аз мушрикон ба ту паноҳ овард, паноҳаш деҳ то каломи Худоро бишнавад, сипас ба макони амнаш бирасон, зеро инҳо мардуме нодонанд. |
|
1242 | 9 | 7 | كيف يكون للمشركين عهد عند الله وعند رسوله إلا الذين عاهدتم عند المسجد الحرام فما استقاموا لكم فاستقيموا لهم إن الله يحب المتقين |
| | | Чӣ гуна мушриконро бо Худо ва паёмбари Ӯ паймоне бошад? Ғайри онҳое, ки назди Масҷидулҳаром бо онҳо паймон бастед. Агар бар сари паймонашон истоданд, бар сари паймонатон биистед. Худо парҳезгоронро дӯст дорад! |
|
1243 | 9 | 8 | كيف وإن يظهروا عليكم لا يرقبوا فيكم إلا ولا ذمة يرضونكم بأفواههم وتأبى قلوبهم وأكثرهم فاسقون |
| | | Чӣ гуна паймоне бошад, ки агар бар шумо пирӯз шаванд, ба ҳеҷ аҳду савганд ва хешовандӣ вафо накунанд? Бо забоп хушнудатон месозанд ва дар дил сар мепечанд ва бештарин фосиқонанд. |
|
1244 | 9 | 9 | اشتروا بآيات الله ثمنا قليلا فصدوا عن سبيله إنهم ساء ما كانوا يعملون |
| | | Оёти Худоро ба баҳои андак фурӯхтанд ва мардумро аз роҳи Худо боздоштанд ва бадкорӣ карданд. |
|
1245 | 9 | 10 | لا يرقبون في مؤمن إلا ولا ذمة وأولئك هم المعتدون |
| | | Аҳду савганд ва хешовандии ҳеҷ мӯъминеро риоат намекунанд ва мардуме таҷовузкоранд. |
|
1246 | 9 | 11 | فإن تابوا وأقاموا الصلاة وآتوا الزكاة فإخوانكم في الدين ونفصل الآيات لقوم يعلمون |
| | | Пас агар тавба карданд ва намоз ба ҷой оварданд ва закот доданд, бародарони динии шумо ҳастанд. Мо оёти Худоро барои мардуме доно тафсил мекунем. |
|
1247 | 9 | 12 | وإن نكثوا أيمانهم من بعد عهدهم وطعنوا في دينكم فقاتلوا أئمة الكفر إنهم لا أيمان لهم لعلهم ينتهون |
| | | Агар пас аз бастани паймон савганди худ шикастанд ва дар дини шумо таън заданд, бо пешвоёни куфр қитол кунед, ки онҳоро расми савганд нигоҳ доштан нест, бошад, ки аз кирдори худ бозистанд. |
|
1248 | 9 | 13 | ألا تقاتلون قوما نكثوا أيمانهم وهموا بإخراج الرسول وهم بدءوكم أول مرة أتخشونهم فالله أحق أن تخشوه إن كنتم مؤمنين |
| | | Оё бо мардуме, ки еавганди худро шикастанд ва оҳанги бадарғаи паёмбар карданд ва онҳо бар зидди шумо душманӣ оғоз карданд, намеҷангед? Оё аз онҳо метарсед ва ҳол он ки агар имон оварда бошед, сазовортар аст, ки аз Худо битарседу бас. |
|
1249 | 9 | 14 | قاتلوهم يعذبهم الله بأيديكم ويخزهم وينصركم عليهم ويشف صدور قوم مؤمنين |
| | | Бо онҳо биҷангед. Худо ба дасти шумо азобашон мекунад ва хорашон месозад ва шуморо пирӯзӣ медиҳад ва дилҳои мӯъминонро хунук мегардонад, |
|
1250 | 9 | 15 | ويذهب غيظ قلوبهم ويتوب الله على من يشاء والله عليم حكيم |
| | | ва кина аз дилҳояшон дур кунад ва Худо тавбаи ҳар киро, ки бихоҳад, мепазирад. Ва Худост донову ҳаким! |
|