نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
1202 | 8 | 42 | إذ أنتم بالعدوة الدنيا وهم بالعدوة القصوى والركب أسفل منكم ولو تواعدتم لاختلفتم في الميعاد ولكن ليقضي الله أمرا كان مفعولا ليهلك من هلك عن بينة ويحيى من حي عن بينة وإن الله لسميع عليم |
| | | Шумо дар каронаи наздиктари биёбон будед ва онҳо дар каронаи дуртар буданд ва он қофила дар маконе пасттар аз шумо буд. Агар шумо бо якдигар замони ҷангро таъйин мекардед, боз ҳам аз он хилоф меварзидед, то коре, ки Худо муқаррар кардааст, воқеъ шавад, то ҳар кӣ ҳалок мешавад, ба далеле ҳалок шавад ва ҳар кӣ зинда мемонад, ба далеле зинда монад. Албатта Худо шунавову доност! |
|
1203 | 8 | 43 | إذ يريكهم الله في منامك قليلا ولو أراكهم كثيرا لفشلتم ولتنازعتم في الأمر ولكن الله سلم إنه عليم بذات الصدور |
| | | Дар хоб Худо шуморашонро ба ту андак нишон дод. Агар шумори онҳоро бисёр нишон дода буд, аз тарс нотавон мешудед ва дар тасмим ба ҷанг ба низоъ бармехостед, вале Худованд шуморо аз душманон дар амон дошт, ки Ӯ ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст! |
|
1204 | 8 | 44 | وإذ يريكموهم إذ التقيتم في أعينكم قليلا ويقللكم في أعينهم ليقضي الله أمرا كان مفعولا وإلى الله ترجع الأمور |
| | | Ва он гоҳ, ки чун ба ҳам расидед, ононро дар чашми шумо андак намуд ва шуморо низ дар чашми онон андак, то он коре, ки муқаррар дошта буд, воқеъ гардад. Ва ҳамаи корҳо ба Худо бармегардад! |
|
1205 | 8 | 45 | يا أيها الذين آمنوا إذا لقيتم فئة فاثبتوا واذكروا الله كثيرا لعلكم تفلحون |
| | | Эй касоне, ки имон овардаед, агар ба гурӯҳе аз душман бархӯрдед, пойдорӣ кунед ва Худоро фаровон ёд кунед, бошад, ки ғолиб шавед. |
|
1206 | 8 | 46 | وأطيعوا الله ورسوله ولا تنازعوا فتفشلوا وتذهب ريحكم واصبروا إن الله مع الصابرين |
| | | Ба Худову паёмбараш итоъат кунед ва бо якдигар ба низоъ бармахезед, ки нотавон шавед ва қуввати шумо биравад. Сабр пеша кунед, ки Худо ҳамроҳи собирон аст! |
|
1207 | 8 | 47 | ولا تكونوا كالذين خرجوا من ديارهم بطرا ورئاء الناس ويصدون عن سبيل الله والله بما يعملون محيط |
| | | Монанди он касон мабошед, ки сармасти ғурур ва барон худнамоӣ аз диёри худ берун омаданд ва дигаронро аз роҳи Худо боздоштанд. Ва Худо ба ҳар коре, ки мекунанд, (бо илми худ) иҳота дорад. |
|
1208 | 8 | 48 | وإذ زين لهم الشيطان أعمالهم وقال لا غالب لكم اليوم من الناس وإني جار لكم فلما تراءت الفئتان نكص على عقبيه وقال إني بريء منكم إني أرى ما لا ترون إني أخاف الله والله شديد العقاب |
| | | Шайтон кирдорашонро дар пазарашон биёрост ва гуфт; «Имрӯз аз мардум касе бар шумо ғолиб намешавад ва ман паноҳи шумоям». Вале чун ду гурӯҳ рӯбарӯ шуданд, ӯ бозгашту гуфт: «Ман аз шу мо безорам, ки чизҳое мебинам, ки шумо намебинед, ман аз Худо метарсам, ки Ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад!» |
|
1209 | 8 | 49 | إذ يقول المنافقون والذين في قلوبهم مرض غر هؤلاء دينهم ومن يتوكل على الله فإن الله عزيز حكيم |
| | | Мунофиқон ва он касоне, ки дар дил беморие доранд, гуфтанд: «Инҳоро динашон фирефта аст». Ва ҳар кас, ки ба Худо таваккул кунад, ӯро пирӯзманд ва ҳаким хоҳад ёфт! |
|
1210 | 8 | 50 | ولو ترى إذ يتوفى الذين كفروا الملائكة يضربون وجوههم وأدبارهم وذوقوا عذاب الحريق |
| | | Агар бубинӣ он замонро, ки фариштагон ҷони кофиронро меситонанд ва ба рӯйҳову пушташон мезананд ва мегӯянд: «Азоби сӯзонро бичашед!» |
|
1211 | 8 | 51 | ذلك بما قدمت أيديكم وأن الله ليس بظلام للعبيد |
| | | Ин ба ҷазои корҳое буд, ки пеш аз ин карда будед ва Худо ба бандагонаш ситам кунанда нест, |
|