نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
1146 | 7 | 192 | ولا يستطيعون لهم نصرا ولا أنفسهم ينصرون |
| | | На метавонанд ёрияшон кунанд ва на метавонанд ба ёрии худ бархезанд. |
|
1147 | 7 | 193 | وإن تدعوهم إلى الهدى لا يتبعوكم سواء عليكم أدعوتموهم أم أنتم صامتون |
| | | Агар онҳоро ба роҳи ҳидоят бихонӣ, ба шумо пайравӣ нахоҳанд кард. Бароятон яксон аст, чӣ даъваташон кунед ва чӣ хомуш бошед. |
|
1148 | 7 | 194 | إن الذين تدعون من دون الله عباد أمثالكم فادعوهم فليستجيبوا لكم إن كنتم صادقين |
| | | Онҳое, ки ҷуз Оллоҳ ба худоӣ мехонед, бандагоне чун шумоянд. Агар рост мегӯед, онҳоро бихонед, бояд шуморо иҷобат кунанд! |
|
1149 | 7 | 195 | ألهم أرجل يمشون بها أم لهم أيد يبطشون بها أم لهم أعين يبصرون بها أم لهم آذان يسمعون بها قل ادعوا شركاءكم ثم كيدون فلا تنظرون |
| | | Оё онҳоро поҳое ҳаст, ки бо он роҳ бираванд ё онҳоро дастҳое ҳаст, ки бо он ҳамла кунанд ё чашмҳое ҳаст, ки бо он бубинанд ё гушҳое ҳаст, ки бо он бишнаванд? Бигӯ: «Шариконатро бихонед ва бар зидди ман тадбир кунед ва маро мӯҳлат надиҳед. |
|
1150 | 7 | 196 | إن وليي الله الذي نزل الكتاب وهو يتولى الصالحين |
| | | Ёвари ман Оллоҳ аст, ки ин китобро нозил карда ва Ӯ дӯсти шоистагон аст. |
|
1151 | 7 | 197 | والذين تدعون من دونه لا يستطيعون نصركم ولا أنفسهم ينصرون |
| | | Ононро, ки ба ҷои Оллоҳ ба худоӣ мехонед, на шуморо метавонанд ёрӣ кунанд ва на худро. |
|
1152 | 7 | 198 | وإن تدعوهم إلى الهدى لا يسمعوا وتراهم ينظرون إليك وهم لا يبصرون |
| | | Ва агар онҳоро ба роҳи ҳидоят бихонӣ, намешунаванд ва мебинӣ, ки ба ту менигаранд, вале гӯӣ, ки намебинанд. |
|
1153 | 7 | 199 | خذ العفو وأمر بالعرف وأعرض عن الجاهلين |
| | | Афвро пеша кун ва ба некӣ фармон деҳ ва аз ҷоҳилон рӯй гардон! |
|
1154 | 7 | 200 | وإما ينزغنك من الشيطان نزغ فاستعذ بالله إنه سميع عليم |
| | | Ва агар аз ҷониби шайтон дар ту васвасае падид омад, ба Худо паноҳ бибар, зеро Ӯ шунаво ва доност! |
|
1155 | 7 | 201 | إن الذين اتقوا إذا مسهم طائف من الشيطان تذكروا فإذا هم مبصرون |
| | | Касоне, ки парҳезгорӣ мекунанд, чун аз шайтон васвасае ба онҳо бирасад, Худоро ёд мекунанд ва ногаҳон бино шаванд. |
|