نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
1082 | 7 | 128 | قال موسى لقومه استعينوا بالله واصبروا إن الأرض لله يورثها من يشاء من عباده والعاقبة للمتقين |
| | | Мӯсо ба қавмаш гуфт: «Аз Худо мадад ҷӯед ва сабр пеша созед, ки ин замин аз они Худост ва ба ҳар кас аз бандагонаш, ки бихоҳад, онро ба мерос медиҳад. Ва оқибати нек аз они парҳезгорон аст!» |
|
1083 | 7 | 129 | قالوا أوذينا من قبل أن تأتينا ومن بعد ما جئتنا قال عسى ربكم أن يهلك عدوكم ويستخلفكم في الأرض فينظر كيف تعملون |
| | | Гуфтанд: «Пеш аз он ки ту биёӣ, дар ранҷ будем ва пас аз он ки омадӣ, боз дар ранҷем». Гуфт: «Умед аст, ки Парвардигоратон душманатонро ҳалок кунад ва шуморо дар рӯи замин ҷонишини ӯ гардонад. Он гоҳ бингарад, ки чӣ мекунед!» |
|
1084 | 7 | 130 | ولقد أخذنا آل فرعون بالسنين ونقص من الثمرات لعلهم يذكرون |
| | | Қавми Фиръавнро ба қаҳту нуқсони ҳосил мубтало кардем, шояд панд гиранд! |
|
1085 | 7 | 131 | فإذا جاءتهم الحسنة قالوا لنا هذه وإن تصبهم سيئة يطيروا بموسى ومن معه ألا إنما طائرهم عند الله ولكن أكثرهم لا يعلمون |
| | | Чум некие насибашон мешуд, мегуфтанд: «Ҳаққи мост». Ва чун бадие ба онҳо мерасид, мегуфтанд: «Аз шумии Мӯсо ва пайравони ӯст.» Огоҳ бошед, он неку бад, ки ба онҳо расад, аз Худост, вале бештаринашон намедонанд! |
|
1086 | 7 | 132 | وقالوا مهما تأتنا به من آية لتسحرنا بها فما نحن لك بمؤمنين |
| | | Ва гуфтанд: «Ҳар гуна мӯъҷиза барои мо биёварӣ, ки моро ба он ҷоду кунӣ, ба ту имон нахоҳем овард! |
|
1087 | 7 | 133 | فأرسلنا عليهم الطوفان والجراد والقمل والضفادع والدم آيات مفصلات فاستكبروا وكانوا قوما مجرمين |
| | | Мо низ ба онҳо нишонаҳое ошкор ва гуногун чун тӯфону малах ва шапушу қурбоққа ва хун фиристодем. Боз саркашӣ карданд, ки мардуме гунаҳкор буданд. |
|
1088 | 7 | 134 | ولما وقع عليهم الرجز قالوا يا موسى ادع لنا ربك بما عهد عندك لئن كشفت عنا الرجز لنؤمنن لك ولنرسلن معك بني إسرائيل |
| | | Ва чун азоб бар онҳо фурӯд омад, гуфтанд: «Эй Мӯсо, ба он аҳде, ки Худоро бо ту ҳаст, ӯро бихон, ки агар ин азоб аз мо дур кунӣ, ба ту имон меоварем ва банӣ-Исроилро бо ту мефиристем». |
|
1089 | 7 | 135 | فلما كشفنا عنهم الرجز إلى أجل هم بالغوه إذا هم ينكثون |
| | | Чун то он замон, ки қарор ниҳода буданд, азобро аз онҳо дур кардем, паймони худро шикастанд. |
|
1090 | 7 | 136 | فانتقمنا منهم فأغرقناهم في اليم بأنهم كذبوا بآياتنا وكانوا عنها غافلين |
| | | Пас аз онҳо интиком гирифтем ва дар дарё ғарқашон кардем. Зеро оёти Моро дурӯғ донистанд ва аз онҳо ғафлат карданд!. |
|
1091 | 7 | 137 | وأورثنا القوم الذين كانوا يستضعفون مشارق الأرض ومغاربها التي باركنا فيها وتمت كلمت ربك الحسنى على بني إسرائيل بما صبروا ودمرنا ما كان يصنع فرعون وقومه وما كانوا يعرشون |
| | | Ва ба он мардуме, ки ба нотавонӣ афтода буданд, шарқу ғарби он сарзаминро, ки баракат дода будем, ба мерос додем ва ваъдаи некӯе, ки Парвардигори ту ба банӣ—Исроил дода буд, ба он сабаб, ки сабр намуда буданд, ба камол расид ва ҳар чиро Фиръавну қавмаш месохтанд ва қасрҳоеро, ки бармеафроштанд, вайрон кардем! |
|