نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
1025 | 7 | 71 | قال قد وقع عليكم من ربكم رجس وغضب أتجادلونني في أسماء سميتموها أنتم وآباؤكم ما نزل الله بها من سلطان فانتظروا إني معكم من المنتظرين |
| | | Гуфт: «Азобу хашми Парвардигоратон ҳатман бар шумо воқеъ хоҳад шуд. Оё дар бораи ин бутҳое; ки худ ва падаронатон ба ин номҳо номидаед ва Худо ҳеҷ далеле бар онҳо нозил насохтааст, бо ман ҳусумат мекунед? Ба интизор бимонед, ман ҳам бо шумо ба интизор мемонам». |
|
1026 | 7 | 72 | فأنجيناه والذين معه برحمة منا وقطعنا دابر الذين كذبوا بآياتنا وما كانوا مؤمنين |
| | | Ҳуд ва ҳамроҳонашро ба фазлу раҳмати хеш раҳонидем ва касонеро, ки оёти Моро дурӯғ бароварданд ва имон наёварда буданд, аз реша баркандем. |
|
1027 | 7 | 73 | وإلى ثمود أخاهم صالحا قال يا قوم اعبدوا الله ما لكم من إله غيره قد جاءتكم بينة من ربكم هذه ناقة الله لكم آية فذروها تأكل في أرض الله ولا تمسوها بسوء فيأخذكم عذاب أليم |
| | | Бар қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Оллоҳро бипарастед, шуморо ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест. Аз ҷониби Худо барои шумо нишонае ошкор омад. Ин модашутури Худо бароятон нишонаест. Ӯро бигузоред то дар замини Худо бичарад ва ҳеҷ осебе ба ӯ нарасонед, ки азобе дардовар шуморо фаро хоҳад гирифт. |
|
1028 | 7 | 74 | واذكروا إذ جعلكم خلفاء من بعد عاد وبوأكم في الأرض تتخذون من سهولها قصورا وتنحتون الجبال بيوتا فاذكروا آلاء الله ولا تعثوا في الأرض مفسدين |
| | | Ба ёд оред он замонро, ки шуморо ҷонишинони қавми Од кард ва дар ин замин ҷой дод, то бар рӯи хокаш қасрҳо бино кунед ва дар кӯҳистонҳояш хонаҳое биканед, Неъматҳои Худоро ёд кунед ва дар замин табаҳкориву фасод макунед!» |
|
1029 | 7 | 75 | قال الملأ الذين استكبروا من قومه للذين استضعفوا لمن آمن منهم أتعلمون أن صالحا مرسل من ربه قالوا إنا بما أرسل به مؤمنون |
| | | Бузургони қавмаш, ки гарданкашӣ мекарданд, ба забуншудагони қавм, ки имон оварда буданд, гуфтанд: «Оё медонед, ки Солеҳ аз ҷониби Парвардигораш омада аст?» Гуфтанд: «Мо ба дине, ки ба он амр шуда, имон дорем!» |
|
1030 | 7 | 76 | قال الذين استكبروا إنا بالذي آمنتم به كافرون |
| | | Гарданкашон гуфтанд: «Мо ба касе, ки шумо имон овардаед, имон намеоварем». |
|
1031 | 7 | 77 | فعقروا الناقة وعتوا عن أمر ربهم وقالوا يا صالح ائتنا بما تعدنا إن كنت من المرسلين |
| | | Пас модашутурро қатл карданд ва аз фармони Парвардигорашон сар боззаданд ва гуфтанд: «Эй Солеҳ, агар паёмбар ҳастӣ, он чиро ба мо ваъда медиҳӣ, биёвар!» |
|
1032 | 7 | 78 | فأخذتهم الرجفة فأصبحوا في دارهم جاثمين |
| | | Пас зилзилае сахт ононро фурӯ гирифт ва дар хонаҳои худ бар ҷой мурданд. |
|
1033 | 7 | 79 | فتولى عنهم وقال يا قوم لقد أبلغتكم رسالة ربي ونصحت لكم ولكن لا تحبون الناصحين |
| | | Солеҳ аз онон рӯй баргардонид ва гуфт: «Эй қавми ман, рисолати Парвардигорамро ба шумо расонидам ва шуморо панд додам, вале шумо некхоҳонро дӯст надоред!» |
|
1034 | 7 | 80 | ولوطا إذ قال لقومه أتأتون الفاحشة ما سبقكم بها من أحد من العالمين |
| | | Ва Лутро фиристодем. Он гоҳ ба қавми худ гуфт: «Чаро коре зишт мекунед, ки ҳеҷ кас аз мардуми Ҷаҳон пеш аз шумо накардааст? |
|